Тоҷикӣ – Бобуна (бобунаҷ, бобунаи бӯйё, гули бобуна)

Лотинӣ – Matericaria chamomilla L.

Русӣ – Ромашка лекарственная (аптечная, ободранная)

Арабӣ – Бобунаҷ

Ишкошимӣ – Зардгылык

Вахонӣ – Ширвиш, ширвишн

Шуғнонӣ-Рушонӣ – Кухъчивир

Англисӣ – Horse Gowan

Тасвир.
Бобуна растании бисёрсолаи алафӣ буда, ба оилаи мураккабгулҳо (Compositae) мансуб буда, пояи он 50 – 100 см қад мекунад. Баргҳои бобуна пайдарҳам, нишаста ду ё се карата пармонанд мешаванд. Баргҳояш яктогӣ дар гулбарги доиравӣ, дар даруни сабадгул бо гулҳои сафеди лабакӣ ва найчамонанди дарунӣ ҷойгиранд. Бобуна ҳамвора дар ноҳияҳои Бадахшон дар полезҳо, боғу чакалакзорҳо, рашҳо мерӯяд. Ин намуди бобуна бӯй, таъм, маза надорад.

Абӯалӣ ибни Сино табъи бобунаро гарми хушк дар дараҷаи якум меҳисобад. Абумансури Муваффақ табъи бобунаро гарм ва хушк дар дараҷаи дуввум ва Зоҳидов Ҳ. табъи бобунаро дар дараҷаи дуввум гарм ва дар дараҷаи якум хушк меҳисобанд.

Қисми истифодабарӣ.
Дар тиб ба мақсади доруворӣ сабадгули бобунаро истифода мебаранд. Бобунаро дар мавриди гул кардан ва дар ҳолате, ки гулҳои сафеди забончагӣ тарзи уфуқиро мегиранд ҷамъоварӣ карда, дар пешдолон ё болохонаҳо дар ҷойи соягӣ ва ҳавогузар хушк мекунанд. Маводи дорувории ҷамъшударо дар қутиҳои картонӣ ё халтачаҳои қоғазӣ нигоҳ дошта дар муддати як сол истифода мебаранд.

Таркиби кимиёвӣ.
Дар таркиби сабадгулҳои бобуна равғанҳои эфирӣ (0,1 – 0,8%), аз он ҷумла хамазулен, бисаболол; флавоноидҳо (апигенин, кверсетин, изорамнетин); кумаринҳо (умбеллиферон, герниарин); фитостеринҳо; холин; кислотҳои органикӣ; витамини С; каротин; луобҳо; унсурҳои калон: K, Ca, Mg, Fe; унсурҳои майда: Mn, Zn, Cu, Co, Al, Ba, V, Se, Ni, Sr, Pb ва Ir мавҷуд аст. (Кукеса В.Г.1999).

Хосияти шифобахшӣ (фармакологӣ).
Сабадгули бобуна таъсири хунбандкунӣ, зиддиуфунӣ, зиддиилтиҳобӣ, таскинкунандаи дард, оромбахш, арақрон, талхарон, зиддиихтилоҷӣ мерасонад. Ғайр аз ин бобуна нафасро тез карда фаъолияти дилро зиёд мекунад. Рагҳои хунгарди майнаро васеъ мекунад, иштиҳоро меангезонад, илтиҳомовари захми меъда ва рӯдаи 12-ангушта мебошад.

Истифодабарӣ дар тиб.
Бобунаро дар тиб алоҳида ва бо омехтагӣ бо дигар гиёҳҳои шифобахш бо усули дарунӣ ва берунӣ дар табобати узвҳои ҳозима (илтиҳоб ва захми меъда ва рудаи 12-ангушта, илиҳоби ҷигару талхадон, ғадуди зери маъда, илитҳоби рудаи ғафсу борик); касалиҳои занона (гинекологӣ): беҳайзӣ, ҳайзи дарднок, хунрави аз бачадон, омосҳои раҳм; касалиҳои усоб (невроз), саръ (эпилепсия), илтиҳоби асабҳои атроф (неврит), вассоб (невралгия); касалии илтиҳоби музмини ғадуди простата истифода мебаранд.

Бо усули берунӣ бобунаро барои табобати касалиҳои илтиҳоби луобпардаи дандон (газаки милки дандон, илтиҳоби ҳалқ, зуком, забаҳ, илиҳоби римноки бофтаи атрофи дандон ба таври ғар-ғара кардан ва чаққа додан тавсия медиҳанд. Бобунаро бо усули микроуқна барои табобати касалиҳои бавосир, илтиҳоби рӯдаи рост (проктит), бо обдуздак шустани маҳбал дар мавриди илтиҳоби маҳбал ва гарданаки маҳбал; касалии ниқрис ва тарбоди буғумҳо; барои нарм ва мулоим кардани пӯст; рафъи арақи по, диятези кӯдакон, хориши пӯст, шустани мӯи сар ва номла ба кор мебаранд. Дар тибби қадим Абӯалӣ ибни Сино бобунаро барои табобати омосҳои сахт, сардард, касалиҳои мағзи сар, чашм, қафаси сина, санги гурда, тезонидани ҳайз, рондани ҷанин ва ҳамроҳак истифода мебурд.

Абумансури Муваффақ бобунаро ба беморони гирифтори касалиҳои буғумҳо беҳайзӣ, гирии пешоб, санги гурда ва масона, беиштиҳогӣ, омосҳои раҳм ва қавӣ гардонидани асабҳо ва мағзи сар тавсия медиҳад.

Шакли доруворӣ, усули истеъмол ва андоза.
Обҷӯши гули бобуна: 10 гр (як чумчаи десертӣ) гули бобунаро  дар як истокон (200 мл) оби ҷӯш дар зарфи сирдори сарпуш дошта 30 дақиқа дам дода, 10 дақиқа дар оби ҷӯшидаистода гарм карда, 15 дақиқа хунук мекунанд. Баъдан обҷӯшро аз докаи 2-3 қабата соф карда гиёҳи дар дока бударо ғунҷонда ҳаҷми обдамро ба 200 мл мерасонанд. Обҷӯши тайёршударо то 3 шабонарӯз дар яхдон нигоҳ дошта бо андозаи ½ – ⅓ ҳиссаи истокон 2-3 маротиба, баъди тановул истеъмол мекунанд. Обҷӯши бобунаро бо усули дарунӣ ва берунӣ (уқна, ғар-ғар кардан, чақондан ва обзан) истифода мебаранд. Дар саноати тибби муосир бобунаро дар қутиҳо бо ҳаҷми 100 гр истеҳсол мекунанд. Аз бобуна доруи “Рамазулон”, линименти “Алорон” (флакон 100 мл) ва “Ротокан” (110 мл) истеҳсол мекунанд, ки ба беморони гирифтори илтиҳоби меъда ва рӯдаҳо, боди шикам, амалияи дандонпизишкӣ, доруи таскинкунандаи дарди касалиҳои илтиҳоби буғумҳо ва пешгирии ноқиб (пролежней) мефармоянд.