Растаниҳои шифобахши Авҷи боло
Доктор Ширинбек полезро нишон медиҳад, ки дар он ҳам маводҳои хӯрока ва ҳам растаниҳои табобатӣ парвариш карда мешаванд.
Ҷуворимакка инчунин маводи ғизоии паҳншуда буда, пупакҳои он ҳангоми бемориҳои узвҳои њозима, ҷигар ва талхадон дар намуди обдам ва обпаз истифода бурда мешавад.

Кашниҷи полезӣ ҳамчун хӯриш бисёр истифода бурда шуда, тухми он хосияти талхаронӣ ҳангоми бемориҳои узвҳои ҳозима истифода бурда мешавад, инчунин он ҳамчун пасткунандаи фишори хун ҳангоми фишорбаландӣ ва оромкунандаи асаб истифода бурда мешавад.
Дар ин ҷо инчунин гули хуҷастаро ёфтан мумкин аст, ки реша ва барги онро дар тибби халӣ ҳангоми бемориҳои роҳои нафаскаши ва бемориҳои пӯст ва ғайра истифода мебаранд.
Поя ва тухми ҷавро ҳангоми шикоятҳои узвҳои такъя ва ҳаракат, дарди мушакҳо ва бандҳо истифода мебаранд. Дар ин ҳолат обзан тавсия дода мешавад.

Навор бо ташқилоти ҷамъиятии “Гулу Гиёҳ” дар ҳамкорӣ бо Development Policy Foundation ва PEIPSI CTC тайер шудааст.