Муаллим Шакар асбобҳои мусиқиро нишон дода истодааст ва алакай ба ин касб дил бастанашро нақл карда истодааст.
Навор бо ташқилоти ҷамъиятии “Гулу Гиёҳ” дар ҳамкорӣ бо Development Policy Foundation ва PEIPSI CTC тайер шудааст.
Мулвоҷ, ноҳияи Ишкошим. Доктор Давлатмамадова Ширинбек бо Иброимов Шакар дар бораи асбобҳои мусиқии Помир сўҳбат мекунад.

Устод Шакар навохтани бо асбобҳои мусиқии рубоб навохтанро мустақилона аз худ кардааст, баъди ба нафақа баромадан ба сохтани рубоб машғул шудааст. Аз устод Шакар маҷмўъи зиёди рубобҳои қадимӣ мавҷуд буда, бо ин асбобҳо дар ҷамъомадҳои гуногуни маҳаллӣ баромад мекунад. Овозе, ки аз асбоб мебарояд, бисёртар аз пардаи доира вобаста аст, на балки аз дарахте, ки аз он асбоб сохта шудааст. Устод Шакар барои сохтани рубоб, най ва ғижак миқдори ками асбобҳои кориро истифода мебарад.Ба ақидаи устод, агар техникаи онро омўхта бошед кор бо асбобҳои мусиқӣ на он қадар мушкил аст. Аксарияти вақт доираи яке аз асбобҳои тордор – ғижак аз қуттиҳои тунукагӣ, ки як вақтњо дар онҷо равған нигоҳ дошта мешуд, сохта мешавад (ёрии башардўстонаи ИМА).