Тоҷикӣ – Зилоли сурх (зирки сурх, зиришк)
Лотинӣ – Berberis vulgaris L.
Русӣ – Барбарис обыкновенный
Арабӣ – Анбарборис, анбарбирис
Ишкошимӣ – Зарғул
Вахонӣ – Зарғул
Шуғнонӣ-Рушонӣ – Зарғӯл
Язгуломӣ – Зъарб
Англисӣ – Common barberry

Тасвир.
Зилоли сурх буттаи бисёрсолаи сершоху хордор буда, ба оилаи зелолиён (Berberidaceae) дохил мешавад. Танааш ростистода, шохчаҳо аз хорчаҳо пушида шуда, то 3 метр қад мекашад. Пӯстлоқи навдаҳои ҷавон ранги бури зардчатоб ва шохчаҳои калонсол ранги бур доранд. Баргаш пайдарҳам, тунук, тухмшакл, баргаш мазаи турш доранд. Хӯшагулаш сода, 10 – 20 гул дошта, 2 – 6 см дарозӣ дорад. Гулаш зард дар думчаи кӯтоҳ ҷой мегирад. Мевааш сероб, дарозрӯя, ранги арғувонӣ дошта, 2 – 9 см дарозӣ дорад. Тухмаш қаҳваранг, тухмшакл, дарозиаш то 4 – 6 см мерасад. Дар моҳҳои май-июн гул карда, мевааш дар моҳҳои август-сентябр мепазад. Зилоли сурх дар шароити табии Бадахшон дар ҳамаи ноҳияҳои вилоят (ғайр аз ноҳияи Мурғоб) дар соҳили дарёҳо, дарговҳо, регзорҳо, дар баландии 1800 – 3000 метр аз сатҳи баҳр мерӯяд. Абӯалӣ ибни Сино табъи зилоли сурхро андар дараҷаи саввум сарди хушк ва Абумансури Муваффақ сарди хушк андар дараҷаи дуввум меисобанд.
Қисми истифодабарӣ.
Дар тиб ба мақсади доруворӣ реша, пӯстлоқ, барг ва меваи зилоли сурхро истифода мебаранд. Решаи растаниро баҳор то неш задани муғча ва тирамоҳ баъди пухта расидани мева, аз замин канда аз хоку гил ва ҷисмҳои бегона дар оби хунуки равон шуста ба андозаи 8 – 12 см бурида ва ба дарозӣ чоконда дар сояи ҳавогузар ё хушккунакҳои махсус дар зери ҳарорати +40 – 60˚С хушк мекунанд. Пӯстлоқро дар мавсими ширадавонии растанӣ дар моҳҳои апрел-май, баргро дар мавсими гулшукуфӣ ҷамъоварӣ карда, дар сояи ҳавогузар хушк мекунанд. Маводи ҷамъшударо дар зарфҳои шишагӣ, қутиҳои картонӣ ва халтачаҳои махсус то 3 сол нигоҳ дошта истифода мебаранд.
Таркиби кимиёвӣ.
Тадқиқотҳои илмӣ муайян карданд, ки дар таркиби барг ва решаи растанӣ, моддаҳои даббоғӣ, равғанҳои эфирӣ, алкалоидҳои берберин, бербамин, оксеакантин, пальматин, берлалибин, бербабумин, бервульсин, магнофлорин, колумбамин, ярорризин; флавоноидҳо; кумаринҳо; витаминҳои С, Е мавҷуд аст. Дар пӯстлоқи растанӣ моддаҳои даббоғӣ, дар баргау решааш макроунсурҳои K, Ca, Mg, Fe, микроунсурҳои Mn, Cu, Zn, Co, Mo, Cr, Al, Ba, Se, Ni, Sr, Pb мавҷуд аст. (Кукеса В.Г. 1999., Ҳоҷиматов М. 1989., Сафонов Н.Н. 2005).
Хосияти шифобахшӣ (фармакологӣ).
Зилоли сурх таъсири зиддиилтиҳобӣ, талхаронӣ, оромбахшӣ, пешобронӣ, арақронӣ, хунбандкунӣ, зиддиуфунӣ, зиддимикробӣ, таскинкунандаи дард, ҳипотензивӣ мерасонад.
Истифодабарӣ дар тиб.
Абӯалӣ ибни Сино фармудааст, ки “…зиришк медаву ҷигарро қавӣ кунад ва ташнагиро шиканад. Зимоди ӯ омосҳои гармро нафъ кунад, табиатро бибандад, рутубатҳои раҳмро суд бахшад, хуни аз зер омадаро манъ кунад”. Абумансури Муваффақ дар китоби “Гиёҳнома”-и хеш менависад, “…анбарбарис дардҳои ҷигар, меъда ва реши рӯдаҳоро манфият кунад ва ҷигар ва меъдаро қавӣ гардонад ва ташнагӣ бишканад ва табиат бибандад”. Муҳаммад Ҳусайни Шерозӣ дар китоби “Маҳзан – ул – адвия” овардааст, ки “…зилол ташнагиро бишканад, ҷигар, меъда ва дилро мустаҳкам кунад, бавосирро суд бахшад. Зилол дар якҷоягӣ бо тахач таъсири ғизоҳазмкунӣ ва бо заъфарон таъсири пешобронӣ расонад ва дар якҷоягӣ бо дорчин ва асал ба истисқо, исҳол ва табҳои музмин шифо бахшад. Истеъмоли доруҳои зилоли сурх ба одамин гарммиҷоз фоидаовар ва ба одамони сард ва тармиҷоз зарар расонад. Зилол барои мубталоёни қулинҷ, даруншахӣ ва боди шикамдошта зарар дорад. Одамони сард ва тармиҷоз зилолро бояд бо қаламфур истеъмол кунанд”. Дар бисёр давлатҳои дунё зилол ва доруҳои аз он тайёр мекардагиро барои табобати касалиҳои гуногун васеъ истифода мебаранд. Дар тибби Булғория обҷӯши реша ва пӯстлоқи зилолро барои муолиҷаи касалиҳои ҷигар, санги талхадон, зардпарвин, илтиҳоби гурдаҳо ва масона, ниқрис, тарбод ва обҷӯши барги онро барои табобати хунравӣ, ислҳоли хунин истифода мебаранд. Дар давлатҳои мутараққии Аврупо – Фаронса, Полша, Олмон, Австрия, Англия обҷӯшу обдами реша, пӯстлоқ, баргу меваи зилолро барои табобати касалиҳои илтиҳоби ҷигару талхадон, маҷроҳҳои талхагузар, касалиҳои рӯдаву меъда; хунравӣ аз узвҳои дарунӣ, касалиҳои илтиҳобии роҳҳои нафаскашӣ, исҳоли хунин; касалиҳои илтиҳобии ковокии даҳон ва чун доруи табшикан, ташнашикан ва витаминдор васеъ истифода мебаранд. Дар тибби мардуми рус мева ва пӯстлоқи зилолро чун доруи хунбанд, зиддиисҳолӣ, талхарону арақрон ва ҷабанда ба кор мебаранд. (Ковалёва Н.Г. 1971). Дар тибби мардуми тоҷик обдам (чой)-и барги зилолро барои табобати зардпарвин ва обҷӯши реша ва пӯстлоқи онро барои муолиҷаи зардпарвин, чун хунбанд, талхарону пешоброн истифода мебаранд. (Ҳоҷиматов М. 1989). Дар тибби мардумии Бадахшон обҷӯшу обдами пӯстлоқ, реша, барг ва меваи зилолро барои табобати касалиҳои ҷигар, зардпарвин, гурдаҳо ва масона, шикастан ва баромадани буғумҳо ва хокаи онро барои илтиҳоби милки дандон васеъ бакор мебаранд. Дар рӯзгор аз меваи зилол мураббо, компот, нӯшоба ва шароб тайёр мекунанд.
Шакли доруворӣ, усули истеъмол ва андоза.
Ø Обдами барги зилол:
10 гр (ду чумчаи чойнӯшӣ) баргро дар зарфи сирдор андохта ба болояш 200 мл (як истокон) оби ҷӯшидаистода резонда, дар оташи паст ё ҳамоми обӣ 15 дақиқа гарм карда, 45 дақиқа дар ҳарорати хона сард мекунанд. Бо докаи 2 – 3 қабата соф карда, гиёҳи дар дока бударо ғунҷонда, ҳаҷми обдамро ба ҳаҷми авалааш мерасонанд. Ҳар рӯз ба андозаи як чумчаи хӯрокхӯрӣ 3 – 4 бор пеш аз таом менӯшанд.
Обдам барои табобати касалиҳои илтиҳобии ҷигару талхадон, чун зиддиилтиҳобӣ ва талхарон тавсия дода мешавад.
Ø Обдами пӯстлоқи зилол:
20 гр (як чумчаи хӯрокхӯрӣ) пӯстлоқи зилолро дар зарфи сирдор андохта ба болояш 400 мл (2 истокон) оби ҷӯш резонда, 4 соат дам медиҳанд. Баъди соф намудан ба андозаи ¼ ҳиссаи истокон, 3 – 4 бор дар як рӯз пеш аз таом менӯшанд.
Обдамро барои табобати касалиҳои гурдаву масона истифода мебаранд.
Ø Обдами решаи зилол:
5 гр (як чумчаи чойнӯшӣ) решаи зилолро дар 2 истокон оби хунук 4 соат дам дода, соф мекунанд. Ба андозаи ним истоконӣ 4 бор дар як рӯз пеш аз таом менӯшанд. Обдамро барои табобати хунравӣ аз раҳм баъди таваллуд истифода мебаранд.
Ø Қиёми шаробии барги зилол:
Барги зилолро бо танасуби 1:5 дар спирти 40%-за ду ҳафта дам дода, соф мекунанд ва ба андозаи 30 – 40 қатрагӣ 2 – 3 бор дар як рӯз пеш аз таом менӯшанд. Қиёмро барои табобати касалиҳои ҷигар ва талхадон тавсия медиҳанд. Давомнокии табобат 2 – 3 ҳафтаро дар бар мегирад.
Дар саноати тиббӣ аз зилол доруи “Берберини бисулфат” дар шакли кулчадору ба андозаи 0,005 истеҳсол мешавад, ки барои табобати касалиҳои илтиҳоби музмини ҷигар, ҷигару талхадон, илтиҳоби талхадон ва санги талхадон ба андозаи 0,005 – 0,1 (5 – 10мг) се бор дар як рӯз, 30 дақиқа пеш аз таом истеъмол мекунанд. Давомнокии табобат 2 – 3 ҳафтаро дар бар мегирад. Истеъмол ва доруҳои аз зилол тайёр шударо занҳои ҳомиладор, фишорпастӣ, мубталоёни қулинҷ, даруншахӣ ва боди шикамдошта манъ аст.
Comments by gulugiyoh@gmail.com