Тоҷикӣ – Гули ғозӣ (гиёҳи ҳамешаҷавон, ғози чой)
Лотинӣ – Helichrysum arenarium L. Moench (Anaphalis virgata Thoms)
Русӣ – Бессмертник песчаный (Анафалис прутьевидный)
Арабӣ – Хаюлолам
Ишкошимӣ – Арақи Расул
Вахонӣ – Арақи Расул
Шуғнонӣ-Рушонӣ – Стирахм, буйвохъ
Язгуломӣ – Нахчирвехъ
Англисӣ – Immortelle, strawflower
Тасвир.
Гули ғозӣ растании бисёрсолаи алафӣ буда, ба оилаи мураккабгулҳо (Compositae) мансуб дорад. Гули ғозӣ 20-50 см қад карда, баргаш пайдарҳам сипаршакл, 2-6 см дарозӣ дорад. Гулаш зард, гулобӣ, курашакл буда, дар моҳҳои июн-июл гул карда, дар моҳҳои август-сентябр тухмаш мепазад. Дар Бадахшон гули ғозӣ дар лаб-лаби дарговҳо, айлоқҳо, ҷариҳо, саҳро дар баландии 2000-3500 аз сатҳи барҳ мерӯяд.
Таркиби кимиёвӣ.
Дар таркиби гули гозӣ флавоноидҳо (гелипарин), карилин (то 4%), равғанҳои эфирӣ -0,05%, қандҳо -1,2%, қатрон -3,66%, стеринҳо -0,05%, моддаҳои даббоғӣ, намакҳои маъданӣ; макроунсунрҳо: K, Ca, Mg, Fe; микроунсурҳо Mn Co, Cu, Zn, Mo, Cr, Al, Se, Ni, Pb, Ir, B, Br ва витамини С, К мавҷуданд. (Кукеса В.Г, 1999., Турова А.Д, 1974., Мамадризохонов А., 1998).
Хосияти шифобахшӣ (фармакологӣ).
Гули ғозӣ хосиятҳои оромбахшӣ, қувватдиҳанда, зиддиилтиҳобӣ, зиддибактериявӣ, ташаннуҷбардор ва талхаронӣ дорад. Мустаҳзарҳои галеновии гули ғозӣ ғалзаи турушиҳои талхаоварро кам карда, талхарониро зиёд мекунад. Ҷавҳари гули ғозӣ ба мушакҳои ҳамвори таладон, маҷроҳи талхагузар, рӯда ва рагҳои хунгузар, таъсири ташаннуҷӣ расонда, тарашшуҳи меъда, ғадуди зери меъда ва талхадонро фаъол мекунад. Гули ғозӣ миқдори холестерин ва билирубини хунро паст мекунад.
Истифодабарӣ дар тиб.
Мустаҳзаҳр гули ғозиро дар табобати касалиҳои илитиҳоби ҷигар, талхадон, маҷраҳои талхагузар, санги талхадон; касалиҳои гурда ва узвҳои таносул; илтиҳоби меъда бо пастшавии тарашшуҳи он ва илтиҳоби музмини рӯдаҳо, фишорбаландӣ, инъисоби рагҳои хунгузар васеъ истифода мебаранд. Дар Булғория сабадгули онро барои муолиҷаи касалии санги талхадон ва илтиҳоби он; илитҳоби гурдаҳо ва масона истифода мебаранд. Дар Олмон барои табобати касалиҳои ҷигар, масона, чун иштиҳоовар ва илати меъда ба кор мебаранд. (Ковалёва Н.Г., 1974, Сокалов С.Я, 2000).


Шакли доруворӣ, усули истеъмол ва андоза.
10 гр (як чумчаи десертӣ) гулро дар зарфи сирдор бо 200 мл (як истокон) оби ҷӯш андохта 1 соат дам дода, бо докаи 2-3 қабата полонда соф мекунанд. Гиёҳи дар дока бударо меғунҷонанд. Ҳар рӯз ба андозаи 0,5 истоконӣ, 3 бор, 30 дақиқа пеш аз хӯрок истеъмол мекунанд. Ин обдамро ба беморони гирифтори илтиҳоби масона тавсия дода мешавад.
Обдами гули ғози барои касалии санги гурда:
10 гр (як чумчаи десертӣ) гулро дар зарфи сирдор ё сафолӣ бо ду истокон (400 мл) оби ҷуш омехта, дар ҳамоми обӣ 10 дақиқа ҷушонда, 30 дақиқа дам медиҳанд. Баъд бо докаи 2-3 қабата полонда соф мекунанд. Гиёҳи дар дока бударо меғунҷонанд. Ҳар рӯз дар ҳолати ширгармӣ будани обдам, 3-4 бор пеш аз таом истеъмол мекунанд.
Обдами гули ғози барои касабиҳои меъда:
15 гр (се чумчаи чойнӯшӣ) маводро дар зарфи сирдор ё сафолӣ бо 0,5 л оби ҷӯшондаи хунук дар муддати 2-3 соат дам медиҳанд. Баъди соф кардан, ба андозаи 0,5 истоконӣ, 4 бор, 30 дақиқа пеш аз таом менӯшанд.
Обҷӯши гули ғозӣ, чун талхарон:
30 гр (1,5 чумчаи хӯрокхӯрӣ) маводро бо 200 мл (як истоконӣ) оби ҷушомехта дар ҳамоми обӣ 30 дақиқа гарм мекунанд. Дар ҳарорати хона 10 дақиқа хунук карда, бо докаи 2-3 қабата полонда соф мекунанд. Маводи дар дастокар бударо меғунҷонанд. Ҳаҷми обҷӯшро ба ҳаҷми аввалааш мерасонанд. Ҳар рӯз ба андозаи 0,5 истоконӣ, 2-3 бор 15-20 дақиқа пеш аз хӯрок менӯшанд.
Дар саноати дорусозӣ дар қутиҳои картонӣ гули ғозиро ба ҳаҷми 50; ҷавҳари гули ғозӣ; гранулаҳои гули ғозиро истеҳсол мекунанд. Ғайр аз ин доруи “Фламин” барои табобати илтиҳоби талхадон, душворшавии ҳаракати талха ба маҷроҳҳои талхагузар ба андозаи 1 ҳаб, се бор 30 дақиқа пеш аз хӯрок истеъмол мекунанд. Давраи табобат 10-40 рӯзро дарбар мегирад. Ғайр аз ин доруи “Аренарин”, ки хосияти зиддимикробӣ дорад барои сӯхтагии кимиёвӣ, ҳароратии чашм ва захми қармияи чашм истифода мебаранд истеҳсол мешавад.
Comments by gulugiyoh@gmail.com