Косни (коснич, каснач, кошнич, кошнича, кабра, шири харак, талҳа, талҳаи кабуд, чатроқоқу, чарашқу, чачараксу).

Лотинӣ – Cichorium intybus L.
Русӣ – Цикорий дикий (горьчанка, татарский цвет, щербак, цикорий корневой)
Арабӣ – Ҳандбо, ҳиндобо
Ишкошимӣ – Косни
Шуғнонӣ-Рушонӣ – Кизнач
Язгуломӣ – Коснич
Англисӣ – Blue-sailors1

Тасвир.
Косни гиёҳи худрӯи бисёрсола буда, ба оилаи мураккабгулҳо (Compositae) мансуб дорад. Танааш 150 см қад мекашад. Пояи рости сершох, барги дарози пармонанд ё найзашакл, пайдарҳам, гулҳои кабуд ё нилгунӣ ду ҷинса дорад. Косни дар моҳҳои июн-июл гул карда, дар моҳҳои август-сентябр тухмаш пухта мерасад. Косни одатан лаб-лаби ҷӯйборҳо, роҳҳо, дарёҳо, саҳро, боғу полезҳо дар баландии 1800 – 3000 метр аз сатҳи баҳр мерӯяд. Барг, поя ва гулро дар вақти гул кардан ва решаашро тирамоҳ дар моҳҳои октябр-ноябр ҷамъоварӣ мекунанд. Баргу поя ва гул дар сояи ҳавогузар ва реша дар офтоб, ҳавои кушод ва хушкунакҳои махсус дар зери ҳарорати +40-60°С хушк мекунанд. Барг, поя ва гулро дар қутиҳои қоғазӣ чубин то 1-2 сол ва решаву решачаҳоро то 5 сол нигоҳ дошта истифода мебаранд. Табъи косни хушк дар дараҷаи якум хушк аст ва тари он дар охири дараҷаи якум хунук ва тар аст.

Қисми истифодабарӣ.
Ба мақсади доруворӣ поя, барг, гул ва решаву решачаҳои косниро истифода мебаранд.

Таркиби кимиёвӣ.
Дар таркиби решаи косни инулин – 11-65%, сафедаҳо – 3,6%, равғани чарбу – 0,3%, пайвастагиҳои бе азотӣ – 15,4%, фруктоза – 2,3-9,5%, гликозоиди талх ва қатрон; дар таркиби реша ва баргаш холин ва витамини К; дар таркиби гулҳояш гликозиди сикорин, витамини С – то 150мг%, кумарин; дар таркиби баргаш макроунсурҳои калсий – 26%, мис, натрий – 4,4%, калий – 192%, оҳан – 0,7%; микроунсурҳо: фосфор – 25%, марганес – 12%, лактусин, лактукопикрин, витамини С, В, каротин, моддаҳои даббоғӣ ва равғанҳои эфирӣ ёфт шудааст. Дар қисми рӯи заминӣ витамини С – 70-350мг%, каротин – 1,23%, моддаҳои даббоғӣ – 1,3-2,3%, флавоноидҳо – 02-04% ва кумаринҳо – 0,17-0,7%, витамини В1 – 0,05, витамини 2 – 0,03%, РР – 0,24% мавҷуд аст. (Хоҷиматов М, 1989, Нуралиев Ю, 1989).

Хосияти шифобахшӣ (фармакологӣ).
Косни дорои хосиятҳои зиддиилтиҳобӣ, зиддимикробӣ, пешобронӣ, талхаронӣ, оромбахшӣ, ҳипотензивӣ, зиддидиабетӣ, ҷабандагӣ ва илтиҳомовари захм мебошад.

Истифодабарӣ дар тиб.
Абӯалӣ ибни Сино косниро барои муолиҷаи касалиҳои чашм, ниқрис, узвҳои сина, дил, меъда, ҷигар ва вараҷаи чоррӯза истифода мебурд. Малҳами косниро чун подзаҳр ба ҷойи газидагии мор, каждум, ғандал ва замбур ба кор мебурд.

Табибони мардумӣ реша ва гулҳои шукӯфтаи косниро барои муолиҷаи касалиҳои санги гурда ва талхадон, вайроншавии мубодилаи моддаҳо, тарбод, ниқрис; илтиҳоби буғумҳо; касалиҳои узвҳои ҳозима (захм ва илтиҳоби меъда ва рӯдаҳо, ғадуди зери меъда) ва чун доруи иштиҳоовар истифода мебаранд. (Сафонов Н.Н, 2005).

Ғайр аз ин дар тибби мардумӣ хокистари қисми заминии косниро дар якҷоягӣ бо қаймок ба касалиҳои пӯст (номла, яра, захм, оташсӯхта) ба усули захмбандӣ ба кор мебаранд. Шираи косниро барои муолиҷаи исҳоли хунин, дарди узвҳои ҳозима истифода бурда, обдами онро бо якҷоягии гули бобуна барои муолиҷаи касалиҳои гурда, сипурз, ҷигар, меъда низ истифода мебаранд. Тухми косни чун доруи табшикан ва арақрон ба кор мебаранд. (Хоҷиматов М., 1989).

Дар тибби мардуми Русия ва Австрия обҷӯши решаи косниро чун пешоброн, иштиҳоовар, тақвияткунандаи узвҳои ҳозима; касалиҳои ҷигар, сипурз, рӯдаҳо, камқувватӣ, ғашёнӣ, зиддидиабетӣ ва ба эътидол овардани таркиби хун истифода мебаранд. (Ковалёва Н.Г. 1971).

Шакли доруворӣ, усули истеъмол ва андоза.
Аз реша, тана баргу гули косни доруҳои обдам, обҷӯш, шира, кӯфта тайёр мекунанд.

Обҷӯши решаи косни:
20 гр (як чумчаи хӯрокхӯрӣ) решаи хушки косниро дар 0,5 л оби ҷӯш, дар зарфи сирдор андохта, дар ҳамоми обӣ, 30 дақиқа гарм мекунанд. Баъди хунук шуданаш, бо докаи 2-3 қабата полонда соф мекунанд. Гиёҳи дар дока бударо меғунҷонанд. Ҳаҷми обҷӯшро ба ҳаҷми аввалааш мерасонанд. Ҳар рӯз ба андозаи ¼ ҳиссаи истокон, ним соат пеш аз таом истеъмол мекунанад. Обдамро барои касалиҳои ҷигар, талхадон, гурда, ярақон ва ғайра тавсия дода мешавад.

Обдами поя, барг, гули косни:
40 гр (ду чумчаи хӯрокхӯрӣ) маводи дорувориро дар 0,5 л оби ҷӯш дар муддати як соат дам медиҳанд. Баъд бо докаи 2-3 қабата полонда соф мекунанд. Ҳар рӯз 0,5 истокони, 3 бор пеш аз хӯрок менӯшанд. Ин обдамро барои касалиҳои ярақон, ҷигар, илтиҳоби рӯдаву меъда ва гурдаҳо низ тавсия дода мешавад.