18 августи соли 2017 дар Боғи Румӣ дар маркази ноҳияи Ишкошим ҷашнвораи “Бозоварии мероси Ишкошим” гузашт. Ин ҷашнвораро созмони ҷамъиятии “Гулу Гиёҳ” гузаронд, ки чандин сол боз саргарми нигаҳдорӣ ва бозофаринии фарҳанги ишкошимӣ, бавижа бозёбии тибби мардумӣ ва забони ишкошимӣ аст. Гузарониданӣ ин чорабинӣ ҷамбасти кори ҳафтсолаи “Гулу Гиёҳ” буд, ки ба аҳли ҷомеа имконият хоҳад дод, ки бо натиҷаи фаъолияташон шинос гардидаанд.

Ин чорабинӣ имконият дод,ки мардуми минтақаро дар доираи маъданиятҳои аз байн рафта истода шуда ҷамъоварад. Хоҳиши гузаронидани чорабинии махсус солҳо боз вуҷуд дошт. Вале бавуҷудоварии ин хоҳиш танҳо соли ҷорӣ бо ёрии фонди Кристенсен ба амал омад.

Дар ҷашнвора таваҷҷуҳи бештар ба забони аз байн рафта истодаи Ишкошимӣ дода буд. Забони ишкошимӣ яке аз забонҳои помирӣ мебошад, ки то ба наздикӣ дар ду тарафи дарёи Панҷ дар Ишкошими Тоҷикӣ ва Афғонӣ паҳн шуда буд. Алҳол дар Ишкошими афғонӣ ин забон пура бо забони Дарӣ ивазшуда аст, ва гоҳ-гоҳ он танҳо дар байни калонсолон истифода бурда мешавад. Дар Ишкошими тоҷикӣ миқдори гӯяндагони забони ишкошимӣ якбора кам шуда истодаанд. Айни ҳол миқдори гӯяндагони ин забон тақрибан 1000 нафарро ташкил медиҳанд. Барои нигаҳдории забони ишкошимӣ китоб бо забони ишкошимӣ бо номи “Тулӯи Офтоб” чоп гардида буд. Мавод барои китоб худи гӯяндагони ин забон ҷамъ оварданд. Ғайр аз ин, китоби профессор Т. Пахалина бо номи “Ишкашимский язык” (Забони ишкошимӣ) аз нав чоп гардид. Мехмонони ҷашнвора метавонистан бо ин нашрҳо ва нашрҳои дигари “Гулу Гиёҳ” дар чорабинӣ шиносоӣ пайдо намуданд.

“Гулу Гиёҳ” дар давоми фаъолияти худ корҳои азими ахборӣ гузаронидааст, на танҳо дар доира нигоҳдории забони ишкошимӣ балки дар доираи нигоҳдории илм оиди гиёҳҳои шифобахш ва чашмаҳои минералӣ.

Ҷашнвора бахшҳои зеринро дошт:
1) “Таомҳои миллӣ” – дар ин бахш меҳмонҳо бо таъомҳои машҳури миллии Помир шинос гардидаанд ва дар бораи тарзи тайёр намудани ин таомҳо дар минтақаи Ишкошим маълумот пайдо намуданд. Ғайр аз ин, маълумот оиди таъсири таомҳои гуногун ба бадани инсон пайдо намуданд.

2) “Дастсохтаҳо” – дар ин бахш молҳои дастӣ тайёр шудаи кооперативи занонаи “Джамшед” намоиш шуд. Ҷурабҳои миллӣ, тоқиҳои вахонӣ ва зиёда, ки дар худ унсурҳои миллӣ бо дизайни замонавӣ пайваст намудаанд.

3) Навозандагон аз тамоми канорҳои Ишкошим, ки таронаҳои миллиро менавозанд, дар ҷашнвора ҳам буданд.

4) Дар чорабинӣ майдон барои бозӣ ва виктаринаҳо пешниҳод шуда буд. Дар онҷо бачагони хурду калон дониши худро дар доираи донистани забон ва маъданияти Ишкошим намоиш додан тавонистанд.

5) Дар чорабинӣ меҳмонҳо бо баъзе анъанаҳои Ишкошим шинос шуданд ва либосҳои анънавӣ ва ҳам расму русуми гузарониданӣ туйро дидаанд.

Аз калимаҳои меҳмонон: “Ҳамин ҳел ҷашнвора ҳарсола дар деҳаҳои гуногуни Ишкошим гузаронида шавад!”.