Тоҷикӣ – Сипандона (сипанд, сипандон, испанд, испандон, исриқ, алафи балогардон, ҳазориспанд, ҳазораспанд, ҳармал)
Лотинӣ – Peganum harmala L.
Русӣ – Гармала обыкновенная (могильник, адраспан, белобок, бибик, гарьман, дикая рута, собакария, собачье зелье, стебная рута)
Арабӣ – Ҳармал
Ишкошимӣ – Спанд, спандона
Вахонӣ – Спандр, спандона
Шуғнонӣ-Рушонӣ – Сипанд, сипандона
Язгуломӣ – Спандан
Англисӣ – Syrian rue

Тасвир.
Сипандона растании бисёрсола буда, ба оилаи ҷуфтбарггулон (Zygophyllaceae) мансуб дорад. Танааш 20-30 см қад мекашад. Решааш то 2-3 м дарозӣ дорад. Сипандона бисёрпояи сершох, ростистода, пурчини луч аст. Баргаш 3-6 см дарозӣ дошта, ду ним, се ним ҷудопарда шуда, гулҳои сафед яктогӣ дар думчаи гул ҷойгир шудаанд. Косагулаш 1,5-2,5 см, баргаш якҷоя ё ҷудо карда шуда мешавад. Барги гул 1,5-2 см дарозӣ дорад. Тухмаш дар даруни ғуза бисёр, 0,3 мм дарозӣ дошта, ранги сафеди ё зарди сафедчатоб дорад. Сипандона дар заминҳои регистон ва гилхок, қад-қади роҳ, селҳо оромгоҳҳо, ҷойҳои камнам дар баландии 1800-3200 метр аз сатҳи баҳр мерӯяд. Дар Бадахшон дар ҳамаи ноҳияҳо, ғайр аз ноҳияи Мурғоб мерӯяд. Сипандона растании заҳрнок мебошад.

Қисми истифодабарӣ.
Ба мақсади доруворӣ қисми рӯйизаминии растаниро истифода мебаранд. Ҷамъоварӣ дар мавсими муғчабарорӣ, пеш аз гулкунӣ гузаронида мешавад. Танааш бо нуқрос, дос даравида шуда, дар ҳавои кушода дар соя тез хушк мекунанд. Тухми сипандонаро тирамоҳ баъди пухта расиданаш ҷамъ мекунанд. Алаф ва тухми сипандонаро барои гирифтани алколоидҳои пеганин, гармин ва ғайра истифода мебаранд. Маводи хушкшударо дар халтаҳои махсус, сандуқҳои картонӣ, чубӣ то 2 сол нигоҳ дошта истифода мебаранд.

Таркиби кимиёвӣ.
Дар таркиби сипандона миқдори зиёди алколоидҳо (дар решааш 1,5-3,5%, дар баргаш 1-5%, дар гулаш – 2-3%, дар қутии тухмдонаш – 1,58%, дар тухмаш – 2,8-5%) мавҷуд аст. Аз онҳо алколоидҳои гармин, гармалин, гармалол, пеганин, вазисинон, дезоксивазисинон, дезоксипенангин, пеганидин, пеганол, пегамон, дипегин, хинолин, хинальдин ва ғайра (ҳамаи 17-то) ҷудо карда шудааст. Ғайр аз алколоидҳо, аз тухмаш моддаи рангкунандаи сурх ва 10-25% равғани чарбугии хушкшаванда гирифта шудааст. (Ҳоҷиматов М. 1989., Хаитов И. 2004., Муравьева Д.А. 1991).

Хосияти шифобахшӣ (фармакологӣ).
Обдами 1% ва 10%-и қисми рӯйи заминии растанӣ хосиятҳои зиддистафилакокковӣ дорад. Обҷӯши 1 ва 0,25%-и маҳлули пеганин ва пеганидин таъсири сахти зиддимикробӣ доранд. Аз алколоидҳое, ки дар алаф ва тухми растанӣ мавҷуданд, пеш аз ҳама аҳамияти муолиҷави пенангин дорад. Пенангин таъсири қувватдиҳанда, исҳоловар, талхаронӣ, арақронӣ, зиддигиҷвӣ мерасонад.

Истифодабарӣ дар тиб.
Абӯалӣ ибни Сино сипандонаро барои табобати дарди бандҳо, касалии чашм, қулинҷи рӯдаҳо, бавосир, чун пешоброну ҳайзрон ба кор мебурд. Дар тибби мардумӣ сипандонаро барои муолиҷаи касалиҳои зиқи нафас, дамкутоҳӣ, касалии тарбод, ҳамчун оромбахш, талхарон, пешоброн, арақрон истифода мебаранд. Ғайр аз ин сипандонаро дар табобати касалиҳои пӯст, сармозада, вараҷа, саръ, гиҷарон ва хобовар ба кор мебаранд. Дар байни мардуми тоҷик сипандонаро дар хонаҳо, одами беморони (саръ, фалаҷ, ғашён, тарсидаро) аз тухми он дуд мекунанд. Дар Бадахшон тухм ва алафи сипандонаро барои табобат ва пешгрии касалиҳои зуком, илтиҳоби узвҳои нафаскашӣ, тарсу воҳима, бехобӣ низ дуд ва истеъмол мекунанд. Ғайр аз ин сипандона, гули ғозӣ, мева ва барги арчаи кӯҳиро ба як андоза гирифта, бо орд ва равған омехта, чун бӯйи хуш ҳар бегоҳӣ рӯзи Ҷумъа ва дар идҳои иди Қурбон ва иди Рамазон дар хонаҳо, биноҳо, остонҳо ва мазорҳои гузаштагон бурда, дар медиҳанд ва арвоҳои гузаштагонро омурзиш карда, сиҳати ва саломатии хонаводаро мехоҳанд.

Дар тибби муосир алкалоиди сипандонаро – пенангин барои муолиҷаи касалиҳои меопатия ва миастения ва чун исҳоловар дар ҳолатҳои даруншахӣ ба бефаъолиятии рӯдаҳо истифода мебаранд. Обзан аз қисми рӯйизаминии сипандонаро барои табобати касалиҳои пӯст, касалии тарбод, ниқрис, илтиҳоби буғумҳо ба кор мебаранд.

Шакли доруворӣ, усули истеъмол ва андоза.

  • Обдами тухми сипандона: 5 гр (як чумчаи чойнӯшӣ) тухмро дар 2 истокон (400 мл) оби ҷӯшидаистода 30 дақиқа дам дода, 10 дақиқа сард мекунанд. Бо докаи 2-3 қабата соф мекунанд. Ҳар рӯз ба андозаи як чумчаи хӯрокхӯрӣ 3 бор пеш аз таом истеъмол мекунанд.Тухми сипандонаро ба андозаи 10-15 дона 3 бор дар як рӯз пеш аз таом истеъмол мекунанд.
  • Обзан: 10 гр алафро дар 1 л об 10-15 дақиқа меҷӯшонанд. Сонӣ бо дока соф карда, обҷӯшро ба обзан мерезонанад. Ҳарорати оби обзан +37-40˚С, давомнокии обзан 10-15 дақиқаро дар бар мегирад. Давраи табобат 10 обзан. Обзан барои касалиҳои пӯст, тарбод, ниқрис, илтиҳоби бандҳо, хориши пӯст таъинот мешавад.