Тарҷумаи ҳоли профессори фахрии Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи М.Назаршоев, корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, духтур Ширинбек Давлатмамадов (бахшида ба 86-умин солгарди зодруз)
15 марти соли 1939 дар деҳаи Авҷи ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшони Тоҷикистон ба дунё омадааст. Солҳои 1947 – 1953 мактаби ибтидоӣ ва миёнаи нопурраро дар деҳаҳои Авҷ, Мулвоҷ, Рин, Қозидеҳ ва Шанбедеҳ хатм карда, соли 1956 синфи даҳумро дар мактаб – интернати давлатии ноҳияи Ҳисор тамом кардааст. Солҳои 1956 – 1957 ба ҳайси ҳуруфчини матбааи рӯзномаи ноҳияи Ишкошим “Бо роҳи Коммунизм” фаъолият доштааст.
Дар соли 1958 ба Донишкадаи давлатии тиббии ба номи Абуалӣ ибни Сино дохил шуда, соли 1964 онро хатм менамояд. Сипас дар вазифаи духтури ҷарроҳ ба ноҳияи Ишкошим роҳхат мегирад. Зимни фаъолият дар ин бемористони ноҳиявӣ ба сабаби набудани мутахассисони тиббӣ, ҳамзамон корҳои ҷарроҳӣ, табобати амрози атфол (педиатрӣ), бемориҳои узвҳои дарунӣ ва дигар соҳаҳоро низ ба ҷо меорад.



Аз 01.02 то 01.07.1965 курсҳои такмили ихтисосро дар соҳаи шикастабандӣ дар факултаи такмилии Донишкадаи давлатии тиббии ба номи Абуалӣ ибни Сино гузаштааст. Дар солҳои 1967 – 1969 ординатураи клиникии Донишкадаи мазкурро дар кафедраи ҷарроҳии умумӣ хатм мекунад ва барои идомаи фаъолияти касбӣ ба ноҳияи Ишкошим бармегардад. Бо фармони Вазорати нигаҳдории тандурустии ҶШС Тоҷикистон аз 18 сентябри соли 1973 унвони ҷарроҳи дараҷаи аввалро мегирад. Соли 1974 ҳамчун ҷарроҳи кордону моҳир, ба бемористони вилоятии шаҳри Хоруғ ба кор гузаронда мешавад.


Қобилияти касбии ташкилотчигиро ба назар гирифта Шӯъбаи нигаҳдории тандурустии вилоят ва маъмурияти бемористон духтур Ширинбек Давлатмамадовро ба вазифаи ҷонишини сардухтури бемористони вилоятӣ оид ба корҳои муолиҷавӣ ва баъдан ташкилӣ-методӣ таъин менамояд ва ӯ то соли 1983 дар ин вазифаҳо кор мекунад.


Дар ҷараёни фаъолияти касбӣ, курсҳои бозомӯзии Пажӯҳишгоҳи Марказии Ордени Лениндори такмили ихтисоси духтурони шаҳри Маскав (1974), Пажӯҳишгоҳи такмили ихтисоси духтурони шаҳри Тбилиси (1979), Пажӯҳишгоҳи такмили ихтисоси духтурони шаҳри Маскав (1985), Пажужишгоҳи такмили ихтисоси духтурони шаҳри Қазонро (1989) дар соҳаи ҷарроҳии фаврӣ гузаштааст. 10 октябри соли 1979 аз ҷониби Вазорати Нигаҳдории Тандурустии ҶШС Тоҷикистон ба духтур Ширинбек Давлатмамадов унвони ҷарроҳи дараҷаи олӣ дода мешавад. Маҳз бо ҷидду ҷаҳди Ширинбек Давлатмамадов, бори нахуст дар бемористони вилоятии шаҳри Хоруғ усулҳои муоинаи маризон бо лапароскопия, капилляроскопия, ҷарроҳӣ бо усули аутопластика, нефропексия, симпатэктомия, интиқоли сузандору ба шарён, герниоаллопластика бо тӯри капронӣ, флебэктомия, нефрэктомия дар амал ҷорӣ шуда, шогирдони зиёдеро ба воя расонидааст. Барои тайёр намудани коркунони миёнаи тиббӣ дар Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Хоруғ ва баланд бардоштани савияи дониши коркунони миёнаи тиббии бемористони вилоятӣ озмуни “Беҳтарин ҳамшираи шафқат”-ро ташкил кардааст.


Духтур Ширинбек Давлатмамадов дар тӯли фаъолияти бисёрсола насли нави мутахассисонро дар соҳаи ҷарроҳӣ тайёр карда, ҳамчун тарғиботчии фаъоли соҳаи тиб солҳои тӯлонӣ натанҳо дар саҳифаҳои рӯзномаҳои ноҳиявӣ ва вилоятӣ баромад мекард, балки яке аз муаллифони фаъоли маҷаллаҳои умумишӯравии “Клиническая хирургия” (Киев), “Морфология” (Новосибирск), “Здравоохранение Таджикистана” (Душанбе) будааст. Дар ин маҷаллаҳои бонуфуз зиёда аз 15 мақолаи илмӣ нашр кардааст, ки барои духтури қаторӣ аз минтақаи куҳистон падидаи камназирест.

Соли 1992 Ширинбек Давлатмамадов сардухтури шифохонаи барқароркунии саломатии Авҷ таъин шуда, онро ба Маркази офиятӣ табдил додааст. Дар ин марказ усулҳои гармобашиносӣ (балнеология), фитотерапия (гиёҳпизишкӣ) ва физиотерапияро бунёд мегузорад.


Ба замми ин, ҳамчун табиби донишманд ва муҳаққиқи тибби мардумӣ, якумин шуда китоби илмиро дар бораи обҳои маъдании Бадахшонзамин таҳти унвони “Лечебные минеральные источники Памира”, (Ирфон, 1994) ба чоп расондааст. Соли 2006 тарҷумаи тоҷикӣ ва такмилёфтаи ин рисола бо унвони “Чашмаҳои маъдании дармонбахши Бадахшон” ба нашр расида, солҳои 2010 – 2011 ҳар дуи ин китоб дубора нашр шудаанд.


Духтур Ширинбек Давлатмамадов узви ҳақиқии Анҷумани гиёҳпизишкон ва табибони мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз моҳи июни соли 2008 аз ҷониби президиуми конгресси саввуми байналмилалии гиёҳпизишкон ва тибби мардумии ҶТ, раиси Ассосиятсияи гиёҳпизишкон ва табибони мардумии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон интихоб шудааст. Дар ин сифат, иштирокчии конгрессҳои II-ум (2007), III-ум (2008), IV-ум (2010) байналмилалии гиёҳпизишкон ва табибони мардумӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Душанбе буда бо шаҳодатномаи “Беҳтарин табиби мардумӣ” (Лучший народный целитель) (2010, 2012) сарфароз гардидааст.



Соли 2009 дар Маркази ҷумҳуриявии таълимию табобатии Вазорати Тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар курсҳои бозомӯзии “Тибби халқии Шарқ” иштирок намуда, онро бо муваффақият бо ихтисоси “Гиёҳдармон” (фитотерапевт) хатм намудааст. Аз моҳи ноябри соли 2006 раиси ҷамъияти дорои маъсулияташ маҳдуди “Ҷамшед”, дар айни ҳол раиси кооперативи “Ҷамшед-1” ва аз сентябри 2010 раҳбари Ташкилоти ҷамъиятии “Гулу Гиёҳ” мебошад.




Соли 2011 ҳамчун муҳаққиқ дар Конгреси байналмиллалии “Дигаргунии кишоварзӣ – биологӣ ва мустақилияти хурокворӣ” дар давлати Шветсия иштирок кардааст. Ҳоло ҳамчун табиби гиёҳшинос бо олимони кишварҳои Лаҳистон ва Эстония ҳамкории зич дорад.


Таҳти роҳбарии Ширинбек Давлатмамадов барои омӯзиши таърих, этнография, фарҳанги зисти (биокултура) сокинони ноҳияи Ишкошим тадқиқоти пурарзише анҷом шудаанд, ки натиҷаи онҳо чоп ва паҳн кардани китобҳое нодире ба мисоли “Ремуздлуфтук” (2013), “Ганҷинаи Ғоронзамин” (Ирфон, 2014),“Табобат бо асал ва маводи занбурпарварӣ”(2015), “Хик расмиш” (2015), “Вух диёр ганҷ. Ганҷи Вахонзамин” (2016), “Таомномаи миллии Бадахшон”(2017), “Дастурамали гиёҳпизишк”(2017), “Гиёҳномаи Бадахшон” (2018) ба чоп расидаанд, ки аз ҷониби муассисаҳои илмии ҷумҳуриявӣ, мутахассисон ва оммаи фарҳангдуст баҳои баланд гирифтаанд. Феълан китоби нави “Донишномаи тибби мардумӣ” ба қалами духтур Ширинбек Давлатмамадов зери таҳрири ниҳоӣ қарор дорад ва соли 2019 аз чоп хоҳад баромад.



Заҳматҳои беандоза ва хидмати шоёни Ширинбек Давлатмамадовро ба инобат гирифта роҳбарияти кишвар ва вазоратҳои марбут уро бо мукофотҳо ва унвонҳои “Аълочии нигоҳдории тандурустии СССР” (1979) , “Аълочии ҳифозати санитарии СССР” (1973, 1978), “Аълочии артиши сарҳадии СССР” (ду карат), ордени “Байрақи Сурхи Меҳнат”(1986), медали “Собиқадори меҳнат” (1989), нишонаи сарисинагӣ ва “Ифтихорномаи Кумитаи иттифоқи касабаи коркунони тибби ҷумҳурӣ”; “Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” (2002), “Медали Гиппократ”-и Академияи улуми Федератсияи Россия (2013), медали «За труд во имя жизни» (2015), медали «За добросовестный труд» (2019) қадрдонӣ кардааст. Аъзои Анҷумани байналмилалии нависандагон ва табибон (2018) мебошад.



Барандаи Ҷоизаи байналмилалии Ҷеонҷуи Кореяи ҷанубӣ (Jeonju International Awards, 2021), дар самти нигаҳдорӣ ва эҳёи фарҳанги маънавӣ. (https://asiaplustj.info/ru/news/tajikistan/society/20211019/83-letnii-doktor-iz-tadzhikistana-poluchil-mezhdunarodnuyu-nagradu-za-prodvizhenie-nematerialnogo-kulturnogo-naslediya?ysclid=m88kui5bm3548385484)


23 сентябри соли 2023 духтур Ширинбек Давлатмамадов ба унвони Профессори фахрии Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи М. Назаршоев сарфароз гардид. (https://khovar.tj/2023/09/donishgo-i-davlatii-sha-ri-horu-tabibi-hal-iro-bo-unvoni-doktori-fahrii-ddh-sarfaroz-gardonid/?ysclid=m88l6diq6869433708)


Профессор Ширинбек Давлатмамадов дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятии ноҳия ва вилоят ширкати фаъолона дошта, ҳамчун депутати маҷлиси вилоятӣ интихоб гардида буд. Ҳоло духтур Ширинбек Давлатмамадов нафақахури дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ буда, аз шахсиятҳои маъруфи натанҳо ноҳияву вилоят, балки дар миқёси ҷумҳурӣ ва берун аз он шинохта мебошад. Алъон профессор Ширинбек Давлатмамадов дар ҷараёни ба нашр расонидани китоби навбатии “Растаниҳои шифобахши Тоҷикистон” мебошад.


КОРҲОИ ИЛМӢ:
- Некоторые вопросы острого аппендицита в пожилом и преклонном возрасте. В кн. «Диагностика и тактика лечения экстренных заболевании в хирургии, Травматологии и детской хирургии». Душанбе, 1969 год.
- Миксома тонкой кишки. “Здравоохранение Таджикистана”. 1969 год, No4
- Заворот большого сальника. “Здравоохранение Таджикистана”, 1977 г, No4, 52 стр.
- Статистические данные об ожогах по материалам Хорогской Областной Больницы. “Здравоохранение Таджикистана, 1977, No1, 32 стр.
- Лечение больных с инородными телами в пищеварительном тракте. “Здравоохранение Таджикистана”, 1978, No2, 56 стр.
- Об остроконечных инородных телах желудочно – кишечного тракта. “Клиническая хирургия», Киев, 1979, No5, 64 стр.
- Миграция проглоченной иглы в бедро. “Здравоохранение Таджикистана”, 1980, No1 90 стр.
- Анализ лечения острого аппендицита. “Здравоохранение Таджикистана”, 1983, No1, 49 стр.
- Остроконечные и инородные тела желудочно – кишечного тракта. “Здравоохранение Таджикистана”, 1978.
- Клинико-антропологическое и морфологическое изучение острого аппендицита. Функциональная морфология. Тезисы докладов Всесоюзной конференции. 1984, Новосибирск.
- Некоторые перспективы дальнейшего освоения минеральных источников Памира. “Здравоохранение Таджикистана”.
- Лечебные минеральные источники Памира. Душанбе, 1994. Второе издание, 2010, 216 стр.
- Минеральные источники Бадахшана. В кн. Исследование природной среды космическими средствами. Сборник научных трудов, выпуск 2, Душанбе, 2005
- Чашмаҳои маъдании дармонбахши Бадахшон, “Нодир”, 2006. Нашри дуюм 2012.
- Оценка тяжести состояния в хирургии. Традиция и современность. (Обзор литературы), “Здравоохранение Таджикистана”, 2007, No4
- Набототи дармонбахши Бадахшон ва истифодабарии онҳо. Ирфон, Душанбе, 2012, 144 саҳ.
- Гилдармонӣ. Ишкошим-Хоруғ, 2014, 48 саҳ.
- Табобат бо асал ва маводи занбӯрпарварӣ, Душанбе, 2014.
- Тақвими ҷамъоварии набототи дармонбахши Бадахшон, 2015
- Таомномаи миллии Бадахшон. Полиграф-групп, Душанбе, 2017, 41 саҳ.
- Дастурамали гиёҳпизишк. Ирфон, Душанбе, 2017, 256 саҳ.
- Гиёҳномаи Бадахшон. Полиграф-групп, Душанбе, 2018, 224 саҳ.
- Донишномаи тибби мардумӣ, Полиграф-групп, Душанбе, 2020, 244 саҳ.
- Пандномаи мардумии Бадахшон, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, Бахши Мероси фарҳангӣ ва гуманитарӣ, 2024,75 саҳ
- Шаҷараи авлодӣ, Полиграф-групп, Душанбе, 2024, 176 саҳ.
- Растаниҳои шифобахши Тоҷикистон (омодаи чоп), 2025

Comments by gulugiyoh@gmail.com