Агар шумо мехоҳед меҳмонони ногаҳониро хуронед (сер кунед), беш аз ҳама таоми бат тайёр кунед, таоми боқувваити Бадахшон.

Таркиб:

  • Шир
  • Қаймоқ*
  • Орд
  • Шакар
  • Намак

Тартиби таёр намудани бат:

  1. Ширро гарм кунед
  2. Ба 400 г. қаймоқро дар дегчаи сирдор андохта дар болои танӯр гарм кунед
  1. Пас аз ин ба даруни қаймоқи гармшуда 100 г. орд-ро дохил намуда онро омехта кунед
  2. Вақте, ки қаймоқ ва орд пурра омехта шуданд, 200 мл. шири гармшударо ба даруни омехтаи тайёршуда андозед
  3. 10 даққиқа омехтаи таёршударо омехта карда истед, то ки ҳамаи он ягона шавад
  4. Пас аз ин шакар ва намак аз рӯи хоҳиш андозед
  5. Вақте, ки равған аз омехта ҷудо шуда дар боло меистад таоми бат таёр шуд
  6. Таомро ба табақ андозед ва ба болои дастархон гузоред

Иштиҳои том!

*Аз сабаби он, ки дар Бадахшон ғизоҳои хонагиро истифода мебаранд, барои ҳамин, миқдори даркории қаймоқро дар натиҷаи чанд руз ҷамъ меоваранд.

Муалифи навор Андра Чударе.