Ҷахонова Насратмо маводҳоеро нишон дода истодааст, ки аз шир тайёр карда мешаванд.
Навор бо ташқилоти ҷамъиятии “Гулу Гиёҳ” дар ҳамкорӣ бо Development Policy Foundation ва PEIPSI CTC тайер шудааст.
Фермаи ширии Насратмо Ҷахонова дар шафати роҳи мошингард ҷойгир шудааст, ки он ба паҳнкунии он ба дигар маҳаллҳо имконият фароҳам меорад. Дар ин ҷо қариб 12 намуди ғизоҳои ширӣ тайёр карда мешаванд.
Дар навор Насратмо Ҷахонова тарзи тайёр кардани маводе, ки онро дуғ меноманд, нишон медиҳад.
Зардобе, ки баъди тагшин кардани дуғ боқӣ мемонад, ба мақсади тайёр намудани маводҳои косметикӣ истифода мебаранд.
Аксарияти бошандагони маҳаллӣ, ки шароити нигоҳ доштани ҳайвони калони шохдорро надоранд, инчунин сайёҳон, ки бисёр дар ин маҳалла гашту гузор мекунанд, барои дарёфт кардани маводҳои ширӣ ба холаи Насратмо муроҷиат мекунанд.
Comments by gulugiyoh@gmail.com