Тоҷикӣ –  Хори харак (харакхор, уштур хор, хори уштур)

Лотинӣ – Echinops maracandicus Bunge

Русӣ – Мордовник обыкновенный (мордовник самаркандский)

Ишкошимӣ – Хах

Вахонӣ –  Путзах, путзағ

Шуғнонӣ-Рушонӣ – Жаш

Англисӣ – Globe thistle

Тасвир.
Хори харак растании бисёрсола буда, ба оилаи мураккабгулҳо (Compositae) дохил мешавад. Решаи пармашакли диладор дорад. Пояаи рости яктогӣ ё бисёри оддӣ буда, дар қисми бологиаш шохчаҳои кам дошта, то 1 м қад мекашад. Баргаш чарммонанд, панҷашакли 2 ҷинса буда, ранги сафед ё кабуд ё хокистаранг дорад. Тухмаш дукмонанди дарозрӯяи сиёҳ мешавад. Гулҳояш кабудранг, дар хӯшагули курашакл ҷойгир шудаанд. Дар Тоҷикистон 21 намуди хори харак мерӯяд. Растанӣ дар минтақаҳои гармсер, ҷариҳо ва нишебиҳо дар баландии 400 – 2800 метр аз сатҳи баҳр мерӯяд. Растанӣ асаловар буда, баъзан чорворо заҳролул мекунад. Растанӣ дар моҳҳои  июн-июл гул карда, тухмаш дар моҳҳои август-сентябр пухта мерасад.

Қисми истифодабарӣ.
Дар тиб ба мақсади доруворӣ мева (тухм) хори харакро истифода мебаранд. Тухмро тирамоҳ дар моҳҳои сентябр-октябр ҷамъоварӣ мекунанд. Ҷамъоварии тухми хори харак ба усули чукондани саракҳо ва ҷудо кардан тухм мегузаронанд.

Таркиби  кимиёвӣ.
Дар таркиби тухми хори харак алкалоиди “Эхинопсин” ва равғани чарБугӣ, витамини С мавҷуд аст.

Хосияти шифобахшӣ (фармакологӣ).
Хори харак дорои хосиятҳои хунбандкунӣ, кардиотоникӣ, ҳаяҷоноварии ҳуҷайраҳои асаб, арақронӣ ва қувватдиҳанда мебошад.

Истифодабарӣ дар тиб.
Аз тухми хори харак алкалоиди Эхинопсин мегиранд, ки хосияти кардиотонкӣ дошта, ба андозаи кам фишори хунро баланд карда, ба андозаи зиёд паст мекунад. Ғайр аз ин дар озмоишҳо муайян гардид, ки Эхинопсин ба андозаи кам таъсири ҳаяҷонӣ, ба андозаи зиёд ихтилоҷ ва баъдан афсурдагириро ба амал меорад. Алкалоиди Эхинопсин барои муолиҷаи касалиҳои ассабофт (плексит), илтиҳоби решачаҳои асаби ҳароммағз (радикулит), фалаҷи атрофикии асаби биноӣ, инъисоб, фишорпастии шараёнӣ (гипотония), миопатия ва фалаҷи сироятноки бачагона (полиомиелит), истифода бурда мешавад. Дар тибби мадуми Чин хори харакро чун хунбандкунанда истифода мебаранд.

Дар тибби мардумӣ хори харак барои муолиҷаи касалиҳои сил, илтиҳоби решачаҳои асабҳои ҳароммағз, касалии тарбод, фишорпастӣ, касалиҳои асаб ва баъзе касалиҳои пӯст низ истифода бурда мешавад. (Соколов С.Я. 2000., Хаитов И. 2004., Ковалёва Н.Г., 1971., Турова А.Д 1974., Середин Р.М ва диг. 1973).

Шакли доруворӣ, усули истеъмол ва андоза.
* Маҳлули Эхинопсини натрий – 0,4% – 1,0 дар ампулаҳо ба ҳаҷми 1 мл ду бор зери пӯст мегузаронанд. Сикли табобат 20 – 30 рӯзро дар бар мегирад. Ин маҳлул барои атрофии асаби биноӣ истифода мебаранд.
* Маҳлули Эхинопсини натрий – 1% дар флаконҳо ба ҳаҷми 20 мл истеҳсол мешавад. Ба андозаи 10 – 20 қатрагӣ, 2 бор, 15 – 20 дақиқа пеш аз таом истеъмол мекунанд.