Тоҷикӣ – Зардришқа (асалрика, говришқа, зарбеда, говдамкунак, алафи дам, зояк, мурч, зарришка, хархур, харбеда, чумрушқа, хирспут, хириспа, шобаса, шоҳафсар)
Лотинӣ – Melilotus officinalis Desr.
Русӣ – Донник лекарственный (донник аптечный, донник желтый “Царский венец”, желтый буркун, воргун, мольная трава, хрестовник)
Арабӣ – Амалик
Ишкошимӣ – Зордғрик
Вахонӣ – Сылв
Шуғнонӣ-Рушонӣ – Ширғорҷак, шурғанҷ, шорғарҷ
Язгуломӣ – Цавехъ
Англисӣ – Plaster clover

Тасвир.
Зардришқа растании бисёрсолаи алафӣ буда, ба оилаи лӯбиёгулҳо (Leguminosae) дохил мешавад. Зардришқа решаи ғафси то 3-4 см дошта, решачаҳои бисёре аз он паҳн мешавад. Гулҳои зардришқа зард буда, дарозиашон ба 0,3-0,4 мм мерасад. Меваи он гирдшакли тухммонанд, ранги сабзи зардчатоб дорад. Дар Бадахшон, ғайр аз ноҳияи Мурғоб дар ҳамаи ноҳияҳо дар баландии 1700-3500 метр аз сатҳи баҳр мерӯяд. Зардришқа дар заминҳои кишт, санглохҳо боғу раш мерӯяд. Зардришқа дар моҳҳои июн-июл гул карда дар моҳҳои июн-август тухмаш пухта мерасад.

Қисми истифодабарӣ.
Дар тиб ба мақсади доруворӣ гул, барг ва пояи онро истифода мебаранд. Ҷамъоварии маводи доруворӣ дар давраи гулкунӣ иҷро мешавад. Маводи ҷамъшударо дар бомҳо, болохонаҳо, дар ҷойи соягии ҳавогузар, дар матоъ бо ғафсии 2-3 см паҳн карда хушк мекунанд. Маводро дар қутиҳои қоғазӣ, чубин дар ҷойи хушк то 1-2 сол нигоҳ дошта истифода мебаранд. Зардришқа растании шаҳддиҳанда ва витаминдор мебошад. Аз 1 га зардришқаи кишткарда шуда 130-270 кг асал гирифтан мумкин аст.

Таркиби кимиёвӣ.
Дар таркиби барги зардришқа витамини С – 190-390мг%, витамини Е то – 50мг%, каротин то – 9мг%, кумарин – 0,5 %, турушии мелилотовӣ, моддаи равғани мелилотол мавҷуд аст. Дар таркиби гули зардришқа кумарин – 88%, витамини С – 106мг%, моддаҳои луобӣ, холин, моддаҳои қатронӣ ва танин низ мавҷуд аст. Дар қисми алафиаш кумарин – 0,4%, турушии кумаровӣ, мелилотин, турушии, мелилотовӣ, гликозиди мелилотозӣ, маҳсулоти пуринӣ, моддаҳои равғанмонанд – то 4,3%, равғанҳои эфирӣ –то 0,01% ёфт шудааст. Дар таркиби тухмаш сафедаҳо – 42%, равғани чарбугӣ – 8,5%, оҳар – 9%, сапонинҳо ва алкалоиди тригонелин – 01-05% мавҷуд аст. (Наврузшоев ва диг., 1998., Ковалёва Н.Г., 1971., Мамадризохонов А, 1998, Ҳоҷиматов, 1989).

Хосияти шифобахшӣ (фармакологӣ).
Хосиятҳои шифобахшии зардришқа аз зиддиилтиҳобӣ, зиддиташаннуҷӣ, таскинкунандаи дард, пасткунандаи фишори хун, бодрон, мулоимкунанда, балғамрон, оромибахш, зиддиихтироҷӣ ва илтиҳомовари захм иборат мебошад.

Истифодабарӣ дар тиб.
Зардришқаро дар тибби муосир ва мардумӣ васеъ ба кор мебаранд. Зардришқа ба касалиҳои дил ва рагҳои хунгузар, фишорбаландии шараёнӣ, камхунии дил, хафакон, инъисоби рагҳои хунгузар; илтиҳоби танаҷҷути варидҳо (тромбофлибит); баланд шудани лахчавии хун шифобахш аст. Ғайр аз ин доруҳои аз зардришқа тайёршударо ба беморони илтиҳоби ной, хирной, шуш, бехобӣ, нимсар (мигрень); ба эътидол овардани ҳайз, ҳайзи дарднок; касалии тарбод, сил, усоб, асабият (неврастения), усоби климатерӣ истифода мебаранд. Зардришқа гардиши хунро хуб карда, варамиҳоро кам мекунад ва ҳосилшавии суддати (тромб) рагҳои хунгузари дилро мань мекунад. Ба усули берунӣ обдам ва обҷӯши зардришқаро ба тарзи рифода, тарбандии, касалиҳои пучак, носур, кафиши мақад ва дарди буғумҳоро табобат мекунад.
Абӯалӣ ибни Сино дар китоби “Қонуни тиб” овардааст: “Зардришқа ҳайз ва ҷанинро меронад. Омосҳои гарм ва хунукро таҳлил медиҳад”
Дар тибби мардумии Бадахшон обдами зардришқаро дар табобати касалиҳои сармозадаи роҳҳои нафаскашӣ, нимсар, сардард, сурфа истифода мебаранд. Ғайр аз ин табибони мардумӣ обдами зардришқаро барои табобати бехобӣ, фишорбаландӣ, зиёд шудани шири модарон, чун бодрон, илтиҳомовари захм, тарбандӣ ва рифодаи захм, пучак, носур, осеб ва ғайра ба кор мебаранд. Алафи тару тозаи зардришқаро, чун растании ғизои бо шурбо, салат илова мекунанд. Дар ёд доштан лозим аст, ки зардришқа растании саҳрноки суст буда, пеш аз истифодабарӣ бо духтури гиёҳпизишк машварат кардан зарур аст. Доруҳои аз зардришқа тайёршударо ба беморони касалии шадиди гурдаҳо, ҳомиладорӣ ва диатези хунрез истеъмол кардан манъ аст.

Шакли доруворӣ, усули истеъмол ва андоза.

Обдами зардришқа:
10 гр (ду чумчаи чойнӯшӣ) маводи дорувориро дар зарфи сирдор ё сафолӣ дар 200 мл (як истокон) оби ҷӯш андохта, сарпушро пушонда, дар ҳамоми обӣ 15 дақиқа гарм мекунанд. Дар ҳарорати хона 45 дақиқа хунук карда бо докаи 2-3 қабата полонда соф мекунанд. Ҳар рӯз бо андозаи ½ – ⅓ ҳиссаи истокон чун балғамрону зиддиилтиҳобӣ, 2-3 бор истеъмол мекунанд.