Тоҷикӣ – Гули хуҷаста (гули нохунак, хуҷаста, ханво, ҳамешабаҳор, гули зардак, озаргул)
Лотинӣ – Сalendula officinalis L.
Русӣ – Календула лекарственная (ноготки)
Арабӣ – Озариён
Шуғнонӣ-Рушонӣ – Зирвухъак
Англисӣ – Pot marigold
Тасвир.
Гули нохунак гиёҳи алафии як сола буда, ба оилаи мураккабгулҳо (Compositae) мансуб дорад. Танааш ростистода аз 30-70 см баландӣ дорад.

Баргҳои гули нохунак пайдарҳам, гули зарди сурхтоб дар сабади алоҳидаи калон ҷойгир шудаанд. Гули нохунак дар моҳи июл-август гул карда,тухмаш дар моҳи август-октябр мепазад. Абумансури Муваффақ табъи гули нохунакро тар ва сард дар дараҷаи аввал ва Малахов Г.П (1999) гарм ва хушк дар дараҷаи дуввум меҳисобанд. Гули нохунакро дар ҳамаи ноҳияҳои Бадахшон, чун растании доруворӣ ва ороиши кишт мекунанд.
Қисми истифодабарӣ.
Ба мақсади доруворӣ гул, сабадгулу решаи гули нохунакро истифода мебаранд.
Таркиби кимиёвӣ.
Дар таркиби гули нохунак каротиноидҳои картин, ликопин,виолоксантин, цитраксантин, рубиксантин; равғанҳои эфирӣ (0,02 %), моддаҳои даббоғӣ (6,45%),турушиҳои органикӣ (себи салисиловӣ, луобҳо (4%); фитонцидҳо; витамини С, унсурҳои калон: K, Ca, Mg, Fе; унсурҳои хурд: Co, Mo, Cr, Sе, Ni, Sr, Pb, Ir, Ba, Mn, Cu, Zn, Al мавҷуд мебошад.
Хосияти шифобахшӣ (фармакологӣ).
Гули нохунак хосиятҳои зиддиилтиҳобӣ, зиддиуфунӣ, зиддиташаннуҷӣ, оромбахшӣ, илтиҳомовари захм, безараркунӣ, пасткунандаи фишорбаландии шараёнӣ, ба эҳтидол овардани норасогии фаъолияти дил, талхаронӣ ва бактериостатики, бактериякушӣ нисбат ба стафилакоккҳо ва стрептококҳо дорад.
Истифодабари дар тиб.
Ба мақсади дорувори гули нохунак ва решаи он ба кор бурда мешавад. Мустаҳзари гули нохунак тайёркардашударо алоҳида ва дар омехтаги бо дигар гиёҳои шифобахш монанди бобуна, пудина, буй модарон ва ғайра ба маризони гирифтори касалиҳои дил ва рагҳои хунгузар, инъисоби рагҳо,зиқи дил, усоб, фишорбаландии шараёнӣ, дамкутоҳӣ, обварам, дилбозӣ; касалиҳои узвҳои ҳозима: илтиҳоби меъда, қулинҷи рудаҳо, захми меъда ва рудаи 12-ангушта, илтиҳоби ҷигару талхадон; бемориҳои занона: илтиҳоби маҳбалу гарданаи бачадон, давраи климактерӣ, бо усули даруни истиъмол мекунанд. Ба усули берунӣ бошад қиёми шаробӣ ва обдами нохунакро ба бемориҳои илтиҳоби мухотаи баълум (фарангит), газаки милки дандон (гингивит), илтиҳоби луобпардаи даҳон (стоматит), илтиҳоби римноки бофтаи атрофи дандон (парадантоз), илтиҳоби бофтаи атрофи дандон (парадонтит), забаҳа (ангина), зуком (ринит) ба тарзи ҷақа додан ва ғар-ғар кардан истифода мебаранд. Ғайр аз ин қиёми шаробӣ, марҳам, шира ва мустаҳлабӣ (эмулсия) гули нохунакро дар табобати яра, захм, осеб, оташсӯхта, пучак, думал, илтиҳоби мақад (проктит), илтиҳоби навҷи атрофи мақад (парапроктит) ва носур (свиш) ба тарзи тарбандӣ, шустан, обдуздакшуй кардан (спринцование) ба кор мебаранд. Дар тибби мардумӣ обдами гули нохунакро дар табобати касалиҳои ҷигару талхадон, зардпарвин; касалиҳои сангӣ гурда ва масона, бемориҳои сипурз; қабзи меъда ва рудаҳо; фишорбаландии шароёнӣ, усоби дил ва касалиҳои унуфии пӯст истифода мебаранд.
Табибони мардумӣ шираи гиёҳро аз заҳролӯдшавии доруҳои заҳрнок ва кӯфтаи гиёҳро бо усули тарбандӣ дар тахтапуш барои баланд бардоштани қувваи боҳ ва рондани ҳайз истифода мебаранд. Агар зани нозой шамчаи (свеча) аз гули нохунакро ба маҳбал гузорад ӯ ҳомиладор мешавад. Шираи гули хуҷаста бачапартовиро ба амал меорад. Аз ин рӯ зани ҳомиладор аз истеъмоли шира ва назди алафи ин гиёҳ истодан манъ аст.
- агар алафи гиёҳи хуҷастаро дар хона гузоранд паша нест мешавад.
- агар шираи гиёҳоро пеш аз нонушта нушонанд, аз заҳролудшавии доруҳои заҳрнок нигоҳ медорад.
- агар решаи гули нохунакро кӯфта дар тахтапушт тарбандӣ кунанд кувваи боҳро зиёд ва ҳайзро раҳо мекунад.
- агар зани нозои шамъчаи даруи (свеча) аз гули нохунакро ба маҳбал гузорад, вай ҳомиладор мешавад. Шираи гулии нохунак бачапартовиро ба амал меоварад, аз ин ру зани ҳомиладор аз истеъмоли шира ва назди алафи ин гиёҳ истодан манъ аст.
- агар алафи гиёҳи нохунакро дар хона гузоранд паша дафъ мешавад.
Шакли доруворӣ, усули истеъмол ва андоза.
Аз гулу реша ва баргу пояи гули нохунак обдам, қиёми шаробӣ, шира, марҳам, мустаҳлаб (эмулсия) тайёр мекунанд. Мустаҳзари (доруҳои) аз гиёҳи нохунак тайёр шударо ба тарзи дарунӣ, берунӣ, тарбандӣ, қатрагӣ ва шустан истифода мебаранд. Дар саноати тиббӣ аз хокаи гули нохунак ва турушии никатин ҳабби (таблетка) КН истеҳсол карда мешавад, ки онро дар табобати бемории омоси палид (злокачественная опухоль) ба кор мебаранд.
- Қиёми шаробии гули хуҷаста:
дар спирти 70%-за бо таносуби 1:10 аз гулу сабадгул он тайёр мекунанд. Қиём шафоф ва ранги зард дошта, ба андозаи як чумчаи чойнӯшӣ дар як истокон об пеш аз қабули таом чун талхарон истеъмол мекунанд. - Обдами гули нохунак:
20 гр (як чумчаи хӯрокхӯрӣ) гиёҳро дар зарфи сирдор бо 200 мл (як истокон) оби ҷӯш омехта дар оби ҷӯшидаистода 15 дақиқа гарм карда, сонӣ 45 дақиқа хунук карда бо дастрак соф мекунанд. Ҳаҷми обдамро ба 200 мл мерасонанд. Ба андозаи ½ ҳиссаи истокон ним соат пеш аз қабули таом истеъмол мекунанд.
Comments by gulugiyoh@gmail.com